Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ қабули хоҳишмандонро ба курсҳои омӯзиши забони чинӣ барои таҳсили нимсолаи дуюми эълон менамояд.
Самтҳои омӯзиш:
- Забони чинӣ аз рӯи дараҷаи HSK1 то HSK6
- Забони чинӣ барои кӯдакони аз синни 8 то 14 сола
- Забони чинӣ барои тиҷорат
- Забони чинии техникӣ
- Забони чинӣ барои корхонаҳо ва муассисаҳо – тибқи талаботи самтӣ
Афзалиятҳои курсҳо:
- Дар донишкада омӯзгорони соҳибзабон ва омӯзгорони маҳаллӣ, ки дорои шаҳодатномаи “омӯзгори байналмиллалии забони чинӣ” мебошанд ва таҷрибаи зиёди корӣ доранд, фаъолият мебаранд
- методикаи муосири таълим
- муҳити воқеии забонӣ
- имкони иштирок дар озмунҳо ва барномаҳои байналмилалӣ
- имконияти таҳсил дар донишгоҳҳои Чин тавассути квота
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: Аз санаи 2-юм то 5-уми феврали соли 2026
Оғози дарс: санаи 18-уми феврали соли 2026
Маблағи таҳсил: давомнокии курс 4 моҳро дар бар гирифта маблағи таҳсил 1040 сомониро ташкил медиҳад, ки довталаб бояд ба пуррагӣ пардохт намояд.
Ҳуҷҷатҳои лозима: нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатномаи таваллуд, сурати элетронӣ 3х4 бо фони сафед, сертификати HSK ( агар бошад).
Суроға:
ш. Бӯстон Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ
📞 Тамос: +(992) 927552594 Насриддинов З.З., 928620155 Азимов Эминҷон
📱 WhatsApp / WeChat:+992927552594, +992928620155

